Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон дарҳои худро ба рӯи довталабон боз кард

Дар рӯзи дарҳои кушод ба довталабони оянда дар бораи шароит, имконот ва усулҳои таълим дар Донишгоҳи Тоҷикистон нақл карда шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ рӯзи дарҳои кушод баргузор шуд.
Дар ин чорабинӣ беш аз 2 ҳазор нафар хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумӣ, литсейу гимназияҳои шаҳри Душанбе ширкат варзиданд. Дар ин бора дафтари матбуоти донишгоҳи мазкур хабар дод.
Гуфта мешавад, хатмкунандагон бо дастовардҳои назарраси 14 факулта шинос шуданд.
Ба довталабони оянда дар бораи шароит, имконият ва усулҳои таълим дар донишгоҳ маълумот дода шуд.
Тоҷикистону Ӯзбекистон беш аз 30 созишномаи ҳамкорӣ имзо карданд
Ҷавонон аз синфхонаҳо, синфҳои лингвистикӣ ва компютерӣ, толори муосири варзишӣ, маркази забономӯзӣ, китобхона, инчунин лабораторияҳои биологӣ ва химиявӣ дидан карданд.
Дар рӯзи дарҳои кушод гуфта шуд, ки хатмкунандагон пас аз хатми донишгоҳ ба бахшҳои маориф, бонкдорӣ, муҳандисӣ, ҳуқуқшиносӣ ва тиббӣ ба кор медароянд.
Илова бар ин, онҳоро Кумитаи телевизион ва радио ва дастгоҳи раисиҷумҳури Тоҷикистон низ ба кор мегиранд.
Қаблан раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дастур дода буд, ки барои ҷалби довталабон ба мансабҳои омӯзгорӣ корҳо анҷом дода шаванд.