ДУШАНБЕ, 15 мар — Sputnik. Ҳолатҳои нақзи қонуни муҳоҷират дар Маскав дар соли 2022 нисбат ба соли 2021 тақрибан 50% афзоиш ёфтааст, хабар медиҳад Вазорати корҳои дохилӣ.
Тибқи маълумоти Системаи давлатии иттилоотии бақайдгирии муҳоҷират, соли гузашта 106 ҷинояти ташкили муҳоҷирати ғайриқонунӣ ба қайд гирифта шудааст,
"Дар рафти чорабиниҳои санҷишӣ 214 855 қонуншиканӣ дар соҳаи қонунгузории муҳоҷирати Федератсияи Русия ошкор карда шуд", - омадааст дар мавод.
Ин рақам нисбат ба соли 2021 47,1% бештар аст. Илова бар ин, беш аз 2,8 ҳазор далели бақайдгирии қалбакии шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бешаҳрванд дар ҷои истиқомат ҳуҷҷатгузорӣ шудааст.
Ҳамзамон зиёда аз 7,5 ҳазор далели фаъолияти ғайриқонунии меҳнатӣ, инчунин беш аз 9,5 ҳазор далели вайрон кардани тартиби ҷалби шаҳрвандони хориҷӣ ба меҳнат дар Русия ошкор карда шуд.
Ҳамин тариқ бинобар қонуншиканиҳо вуруди беш аз 48,3 ҳазор хориҷӣ ба кишвар манъ карда шудааст.
Сарраёсати Вазорати корҳои дохилии пойтахт бошад, дар бораи ихроҷи маъмурии муҳоҷирон аз Федератсияи Русия беш аз 33,2 ҳазор қарор қабул кардааст.