Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Ҷумҳурии Корея ворид хоҳанд кард

Тоҷикистонро ба системаи иҷозати кор дар Корея бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони ҷумҳурӣ зимни фаъолияти меҳнатӣ дар Корея ворид хоҳанд кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Ахиран ин масъала дар гуфтугӯи вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон Гулнора Ҳасанзода бо сафири Ҷумҳурии Корея дар Тоҷикистон Квон Донг Сок матраҳ шуд.
Дар ин бора дафтари матбуоти вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар хабар додааст.
Зимни мулоқот тарафҳо дар бораи ба диверсификатсияи муҳоҷирати меҳнатӣ, баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар хусуси интиқоли қувваи корӣ ба Кореяро баррасӣ карданд.
Тарафҳо ба воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар ва механизми татбиқи созишномаҳои баимзорасида байни сохторҳои вазорат ва музофотҳои Корея оид ба ҷалби қувваи корӣ аз Тоҷикистон барои корҳои мавсимӣ дар ин кишвар, мубодилаи афкор намуданд.
Муҳоҷирати корӣ ба Корея: вазиру сафир як роҳи дигар ёфтанд
Сафир Квон Донг Сок омодагии худро барои мусоидат дар баррасӣ ва баимзорасонии лоиҳаи Созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ба интиқоли қувваи корӣ ба Корея ва воридшавии Тоҷикистон ба системаи иҷозати кор дар ин кишвар бо мақсади ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои шаҳрвандони Тоқикистон зимни фаъолияти меҳнатӣ дар ин кишвар изҳор намуд.
Ёдовар мешавем, ки қаблан вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон гуфта буд, ки тамоми заминаҳои расмиву ҳуқуқии ҳамкории Тоҷикистону Кореяи Ҷанубӣ дар самти муҳоҷирати меҳнатӣ фароҳам шудааст ва танҳо мушкиле, ки дар миён аст, донистани забон аст.