ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Тибқи иттилои обуҳавошиносони тоҷик дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шудааст. Ҳаво дар ғарби вилоят шабона то 6 дараҷа гарм ва рӯзона то 10 дараҷа гарм мешавад. Дар шарқи вилоят ҳаво шабона аз 14 то 19 ва рӯзона то 6 дараҷа гарм мешавад.
Дар вилояти Суғд ҳавои тағйирёбанда дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона аз 6 то 11 дараҷа гарм ва рӯзона аз 18 то 23 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона аз 2 дараҷа хунук то 3 дараҷа гарм ва рӯзона то 12 дараҷа гарм пешгўӣ шудааст.
Дар вилояти Хатлон ҳавои тағйирёбандаи бебориш мешавад. Ҳаво дар водиҳо шабона то 13 ва рӯзона то 29 дараҷа гарм, дар доманакӯҳҳо шабона 3+18 дараҷа гарм ва рӯзона то 23 дараҷа гарм мешавад.
Дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ҳавои тағйирёбандаи бебориш дар назар аст. Ҳаво дар водиҳо шабона то 11 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм, дар ноҳияҳои кӯҳӣ шабона то 6 дараҷа гарм ва рӯзона то 17 дараҷа гарм мешавад.
Дар Душанбе ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад. Ҳаво шабона то 10 ва рӯзона то 24 дараҷа гарм мешавад.