Таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ дар додситонии кулли Тоҷикистон

Дар назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки сохтори он дар раванди таҳияшавист
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14мар — Sputnik. Барои пешгирӣ намудани ҷиноятҳои дорои хусусияти экстремистиву террористӣ ва ҷиноятҳое, ки бо истифодаи технологияҳои иттилоотиву коммуникатсионӣ содир карда мешаванд, дар назди Прокуратураи генералии Тоҷикистон Маркази ягонаи иттилоотӣ таъсис дода мешавад, ки сохтори он дар раванди таҳияшавист.
Иттилоъ додааст АМИТ “Ховар” дар истинод ба Сардори Раёсати байналмилалии Прокуратураи генералӣ Манучеҳр Маҳмудзода.
Ба гуфтаи вай, дар айни ҳол корҳои омодагӣ идома дошта, дар мувофиқа бо Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар вазорату идораҳо масъалаи таъсиси Маркази ягонаи иттилоотӣ дар назди Прокуратураи генералӣ баррасӣ шуда истодааст.
“Рӯзҳои наздик ба Ҳукумати ҷумҳурӣ пешниҳоди мушаххас вобаста ба сохтори он ирсол карда мешавад”, - гуфт ӯ.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон 14 марти соли 1992 Рӯзи таъсиси Прокуратураи Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Раҳмон барканории прокурори ВМКБ ва оташзании мошини додситони Восеъро тавзеҳ дод
8 августи соли 2015 бо ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Тоҷикистон "Дар бораи рӯзҳои ид" 14 март иди касбии кормандони прокуратура эълон карда шуд.
Яъне имрӯз кормандони ин ниҳоди муҳиму таҳкимбахшандаи қонун иди касбии худро бо дастовардҳои назаррас пешвоз мегиранд.