ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. ВКД Русия бо пешниҳоди Борис Титов, комиссари назди президенти Русия, дар бораи тамдиди муҳлати патенти меҳнатӣ барои муҳоҷирон розӣ аст, хабар медиҳад дафтари матбуоти омбудсмени соҳибкорӣ.
"Вазорати корҳои дохилӣ омода аст, ки муҳлати додани патентро аз 10 то 5 рӯз кам кунад ва ҳамзамон бо риояи тамоми талаботи зарурӣ дар доираи назорати муҳоҷират муҳлати амали онро зиёд намояд", - омадааст дар ҳуҷҷат.
Муроҷиатномаро муовини вазири корҳои дохилӣ Андрей Храпов имзо кардааст. ФСБ ва Вазорати молия ба пешниҳодҳои Титов эътироз баён накардаанд.
Вазорати корҳои хориҷӣ низ ҳамчунин ба имтиёзҳо розӣ аст, агар Тоҷикистон ва Ӯзбекистон тартиби ҷалби мутамаркази муҳоҷирон, барои ширкатҳои мушаххаси Русия ва иҷрои аксари аснод дар қаламрави кишварҳои шарикро такмил диҳанд.
Қаблан Титов ба ҳукумат пешниҳоди ислоҳи қонуни федеролӣ фиристода буд, ки дар он маҳдудияти эътибори патент барои хориҷиён аз 12 то 36 моҳ зиёд карда мешавад.
Илова бар ин пешниҳод шудааст, муҳоҷироне, ки вурудашон ба Русия ба муҳлати аз 3 то 5 сол манъ шудааст, авф карда шаванд.
Ӯ қайд кард, ки баъзан барои ҷамъоварӣ ва коркарди асноди зарурӣ барои қабули он барои муҳоҷирон ҳудуди 20 рӯз лозим мешавад.
Дар натиҷа онҳо ҳар сол як моҳ аз муомилоти иқтисодӣ мебароянд.Соҳибкорон зиён мебинанд ва ба буҷет андоз аз даромад камтар ворид мешавад.