Оғози сохтмони маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар марзи Тоҷикистону Ӯзбекистон

Мақомоти Тоҷикистону Ӯзбекистон бар он ҳастанд, ки маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат хоҳад кард
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон ба сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" санги асос гузошта шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти раиси вилояти Суғд.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран ҳайати вилояти Суғд бо роҳбарии раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ба вилояти Фарғонаи Ӯзбекистон сафар карда, дар маросими оғози сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" иштирок намуд.
Дар маросими оғози корҳои сохтмонӣ раиси вилоят оқои Аҳмадзода, ҳокими вилояти Фарғона Хайрулло Бозоров, Сафири Тоҷикистон дар Ӯзбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода, соҳибкорону тоҷирони вилоятҳо иштирок намуданд.
Сохтмони Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар сарҳади Тоҷикистону Ӯзбекистон
Манбаъ хабар додааст, ки роҳбарони вилоятҳо изҳори боварӣ намуданд, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар афзоиши мубодилаи молу маҳсулот мусоидат менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Маркази тиҷоратию логистикии "Андархон" дар масоҳати 5 гектар бунёд гардида, дар он 200 дӯконҳои савдо, банк, ошхона ва қаҳвахона, меҳмонхона, маркази логистикӣ ҷойгир карда хоҳад шуд.
Бо фаъол шудани марказ дар он маҳсулоти дар корхонаҳои ду вилоят истеҳсолшаванда ба фурӯш бароварда мешавад.