Мирзиёев гуфт, Ӯзбекистон тарафи кист

Раҳбари Ӯзбекистон ба саволе, ки сиёсатмадорони давлатҳои бузург, ки давра ба давра ба ҷумҳурӣ сафар мекунанд, посух дод.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Намояндагони "кишварҳои бузург" ҳангоми сафар ба Ӯзбекистон аксар вақт суол мекунанд, ки ҷумҳурӣ тарафи кист, - гуфт раисҷумҳур Шавкат Мирзиёев зимни сафари худ ба вилояти Сурхондарё.
"Бетараф буданро бас кунед, ё ин тарафро гиред ё он тараф. Ӯзбакистон ба мо лозим аст, ҳоло дар ин ҷо 36 миллион нафар зиндагӣ мекунанд, пас аз 3-4 сол 40 миллион мешавад, кишвари бузург дар Осиёи Марказӣ мешавад. Шумо тарафи кӣ ҳастед?”, - гуфт ӯ.
Мақомоти Эрону Ӯзбекистон таъкид бар сулҳу субот дар Афғонистон карданд
Мирзиёев дар посух ба ин суол гуфт, ки барои беҳбудии миллат ва мардуми Узбакистон "ҷон фидо хоҳад кард".
"Чӣ гуна ҷавоб диҳам? Фақат як ҷавоб дорам. Ман тарафдори миллат ва халқи худам, Ӯзбекистони бузургамам, ки барои ӯ омодаам ҷон фидо кунам", - таъкид кард ӯ.
Бояд гуфт, ки раисиҷумҳури Узбакистон зимни ин суханронӣ нагуфт, ки кадом аз сиёсатмадори “кишварҳои бузург”-ро дар назар дорад, аммо рӯзи 28 феврал Антони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико, аз ин ҷумҳурӣ дидан карда буд.
Барои дипломати амрикоӣ ин сафар аввалин бор дар фаъолияти сиёсии ӯ буд. Ҷонибҳо рушди ҳамкориҳои дуҷонибаро баррасӣ карданд.