ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Сухангӯии раисҷумҳури Русия, Дмитрий Песков эълом кард, ки тамдиди 60 рӯзаи "тавофуқоти ғаллот" нишонае аз ҳусни нияти Маскав аст, зеро бахши дувуми он марбут ба лағви таҳримҳои содироти маводи ғизоӣ ва кӯдҳои русӣ аст, ҳануз иҷро нашудааст.
"Шароите, ки ба унвони бахши ҷудоинопазир аз муомила тавофуқ шуда буд, иҷро нашуд. Бинобарин ба таври куллӣ, ҳамонтавре, ки медонед муомила наметавонад рӯй як пой истода бошад, бинобарин ин навъе аз амали ҳусни ният аз сӯйи Русия аст", - гуфт Дмитрий Песков.
Сухангӯи раисҷумҳур ёдрас шуд, ки Кохи Кремлин аз талошҳои шахсии Антониои Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид барои ҳали масаълаи рафъи маҳдудиятҳо қадрдонӣ мекунад.
Айни замон, ҳамонтавре, ки намояндаи раисҷумҳури Русия хотирнишон кард, Гутерриш натавонист девори холии ғарби ҷамъиро бишиканад.
Ин қарордод дар 18 ноябри соли гузашта имзо шуд, аммо шароити он ба маънои тамдиди худкор ба муддати 120 рӯз ( то 18 март ) бидуни эътирози ҳеҷ як аз тарафайн буд.
Ба гуфта Сергей Вершинин, муовини вазири умури хориҷии Русия мазеи баъдии Русия бастагӣ ба пешрафти воқеӣ дар одисозии содироти кишоварзии Русия дорад, аз ҷумла пардохтҳои бонкӣ, логистикӣ ҳамлу нақл, бима, рафъи инҷимоди фаъолиятҳои молӣ ва таъмини аммиак аз тариқи хати лӯлаи Толятӣ - Одесса.