КҲФ аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон ҳушдор дод

Тибқи иттилои Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи Тоҷикистон, то 16 март дар саросари ҷумҳурӣ хатари баланди фаромадани тармаю ярч боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дафтари матбуоти КҲФ хабар медиҳад, ки дар манотиқи кӯҳии Тоҷикистон, хатари фаромадани тарма, сел, ярч ва сангрезиҳо зиёд боқӣ мемонад.
Чунин вазъи ҳаво тибқи пешгӯии Ожонсии ҳавошиносии кишвар то 16 март мушоҳида мешавад. Дар натиҷаи гарм шудани рӯзҳои охир ва боришот шароити номусоид ба вуҷуд меояд.
Ҳамин тавр, дар қитъаҳои роҳи Душанбе – Хуҷанд, Душанбе – Лахш, Душанбе – Рашт, Душанбе – Сангвор, Душанбе – Дарвоз – Хоруғ, Хоруғ – Ишкошим, Хоруғ – Мурғоб хатари фаромадани тарма ва сангрезӣ боқӣ мемонад.
Ба ғайр аз ин, дар роҳ яхбандиҳо мешавад.
КҲФ аз аҳолӣ даъват мекунад, ки аз сафар, ба минтақаҳои тармафароӣ худдорӣ намуда, ҳушёр ва эҳтиёткор бошанд.
Наҷотдиҳандагон инчунин ба ронандагон хотиррасон мекунанд, ки ҳангоми ҳаракат аз ағбаҳо, манотиқи кӯҳӣ ба қоидаҳои бехатарӣ ва фосилаи муқарраршудаи ҳаракат қатъиян риоя намоянд.
Сипоси Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма
Ба сокинони вилоятҳо тавсия дода мешавад, ки рӯзҳои наздик аз корҳои кишоварзӣ даст кашида, дар чароғоҳҳои доманакӯҳ ва кӯҳистон чаронидани чорворо маҳдуд намуда, ба шикор ва моҳидорӣ нараванд.
Ҳамчунин КҲФ тавсия медиҳад, ки сафарҳои кӯҳиро ба таъхир андозанд.