Душанбе барои пешвози Наврӯз омода аст - видеои диданӣ

Сокинони Тоҷикистон ба таҷлили ҷашни Наврӯз омодагӣ мегиранд: омодагӣ ба он дар саросари Душанбе мушоҳида мешавад - шаҳр пас аз зимистон дар воқеъ зинда шудааст
Sputnik
Аллакай дар маркази пойтахт дар майдони "Истиқлол" суманаки бузург монда шудааст.
Дигар кунҷҳои майдон бо рамзҳои дигари Наврӯз - ғизоҳои ҳафт шину ҳафт син оро дода шудааст.
Ҳамчунин дар ҷашни Наврӯз дар пойтахти кшвар барномаҳои гуногун аз қабили ярмаркаҳо ва барномаҳои фарҳангӣ баргузор мешавад.
Маъмулан ҳар сол дар яке аз боғҳои пойтахт гулхани наврӯзӣ афрохта мешавад ва маросими суманакпазӣ сурат мегирад.
Дар интизори Наврӯз: Душанбе чӣ қадар зебо шудааст - акс
Илова бар ин, дар рӯзи фаро расидани Наврӯз аз чор дарвозаи Душанбе корвони наврӯзӣ бо ҳузури Бобои деҳқон ва Маликаи баҳор дар иҳотаи карнайнавозону талбнавозон ба сокинони пойтахт навиди фарорасии Соли Навро мерасонанд.
Маврид ба зикр аст, ки соли 2010 дар Маҷмааи умумии СММ, Наврӯз ҳамчун иди байналмиллалӣ эътироф шуд ва аз он вақт ба ин тараф дар аксар кишварҳои ҷаҳон ин ид ҷашн гирифта мешавад.