Баргузории комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе

Раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Эрон барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкориҳо бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 14 мар — Sputnik. Дар пойтахти кишвар комисияи муштараки ҳамкориҳои Эрону Тоҷикистон баргузор мешавад, иттилоъ додааст радиои тоҷикии Садои Хуросон.
Ба ин хотир Ғуломҳусейни Ҳусейниё, раиси созмони омузиши фанни ва ҳерфаӣ Ҷумҳурии Исломии Эрон дар сарварии ҳайати барои ширкат дар комисяи муштараки ҳамкории бо Тоҷикистон вориди шаҳри Душанбе шуд.
Ҳайати Ҷумҳурии исломиро дар фурудгоҳи байналмиалалии шаҳри Душанбе муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва намояндагони сафорат истиқбол гирифтанд.
Муҳаммадтақии Собирӣ, сафири Эрон дар Тоҷикистон бо эъломи ин матлаб гуфт, ки Ҳусейниён дар чорчуби ин сафар ҳамчунин бо вазир ва дигар мақомоти Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дидору гуфтугу хоҳад кард.
Эрон барои иктишофи нафту газ дар Тоҷикистон барномаҳо дорад
Ёдовар мешавем, ки чанде пеш сафири Эрон дар Тоҷикистон Муҳаммадтақи Собирӣ дар мусоҳиба бо рӯзномаи “Ҷумҳурият” гуфта буд, ки дар соли 2022 шоҳиди рушди се баробарии ҳаҷми табодулоти иқтисодии байни ду кишвар нисбат ба соли пеш будем.
Вай афзуд имсол низ бо талоши мақомоти олирутбаи ду кишвар ва чораҳои андешидашуда шоҳиди рушди чашмгире дар муносиботи иқтисодии байни ду кишвар хоҳем буд.
Муҳаммадтақи Собирӣ гуфт, ки дар муддати 31 сол, ҳудуди 200 санади муҳими ҳамкорӣ байни Эрон ва Тоҷикистон ба имзо расидааст, ки чашмандози равобити ду кишвари дӯст ва ҳамзабонро таъриф ва нақши таъинкунандае дар эҷоди чорчӯби қонунӣ ҷиҳати тавсеаи бештари равобити дуҷониба доранд.