ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Дар эъломияи муштарак, ки аз ҷониби Эрон, Арабистони Саудӣ ва Чин нашр шуд, Риёз ва Теҳрон ба саргирии равобити диплумотик ва бозгушои сифорат дар кишварҳои ҳамдигар ба тавофуқ расидаанд.
Равобити дипломотик ончи ки равобити одӣ миёни ду кишвар хонда мешавад аз чанде ба ин сӯ миёни Теҳрон ва Риёз сардӣ ва дар маворид низ ба душманӣ табдил шуда буд.
Мақомҳои аршади амниятии Арабистони Саудӣ ва Эрон баъд аз чаҳор рӯзи гуфтугӯ ниҳоятан ахиран дар заминаи ончӣ одисозии равобит миёни ду кишвари хонда шуд ба тавофуқи расиданд.
Тибқи ин тавофуқ, ҳар яке аз кишварҳо муваззафанд то заминаро барои бозгушои сафорати кишвари дувум фароҳами кунанд то аз ин тариқ равобити дипломатик миёни Теҳрону Риёз дубора эҳё шавад.
Дар ин тавофуқнома ба эҳё кардани тавофуқҳои гузашта дар арсаи тиҷорӣ ва сармоягузорӣ низ суҳбат шуда ва таъкид кардаанд ки паймони амниятӣ ки 21 сол қабл имзоъ шуда буд, дубора аҳё шавад.
Дар ҳамин ҳол, вазорати хориҷаи толибон аз тасмим ҳар ду кишвар истиқбол карда ва ин тавофуқро гомии муҳим дар таъмини саботи минтақае унвон кардааст .