Узбекистон ҳамапурсии ҷадидро аз рӯи конститутсияи нав қонунӣ хонд

Баъди раъйпурсӣ ба таҳрири нави қонуни асосии ҷумҳурӣ 27 модда ворид карда мешавад, ки шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 адад мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Додгоҳи конститутсионии Узбекистон раъйпурсӣ оид ба Қонуни асосии навро қонунӣ эътироф кард.
Дар ин бора муовини раиси Суди конститутсионии ин кишвар Аскар Ғафуров зимни пахши ҷаласаи додгоҳ хабар дод.
Ҳамин тариқ, қарори палатаи қонунбарори (поёни) парлумон, ки тибқи он раъйпурсии нав оид ба ворид намудани тағйироту илова ба конститутсия таъин шуда буд, асоснок дониста шуд.
Вакилони палатаи поёнии порлумони Узбекистон қаблан раъйпурсиро рӯзи 30 апрел таъин карда буданд.
Узбекистон замони ҳамапурсӣ барои тағйирот ба Қонуни асосии навро таъин кард
Маълум аст, ки ба таҳрири нави қонуни асосии кишвар ворид кардани 27 моддаи дигар дар назар аст. Пас аз ин шумораи умумии онҳо аз 128 ба 155 мерасад.
Дар паи ин дигаргунӣ дар Ӯзбекистон қонуни асосии давлат 65% нав карда мешавад.
Дар миёни ислоҳот нуктаи тамдиди муҳлати ваколати раисиҷумҳур аз 5 ба 7 сол, манъи ҳукми эъдом, манъи истирдоди шаҳрванди кишвар ба давлати хориҷӣ низ ҳаст.
Маврид ба зикр аст, ки сарқонуни амалкунандаи Ӯзбекистон соли 1992 қабул шуда буд. Аз он вақт инҷониб ба қонуни асосии кишвар 15 маротиба тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд.