Раҳмон бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанберо ифтитоҳ кард

Бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ дар шаҳри Душанбе сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳ бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бинои нави Раёсати дастгоҳи марказии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистонро ифтитоҳ карданд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти президенти кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, бинои мазкур сеошёна буда, бо тарҳи замонавӣ ва унсурҳои муосири шаҳрсозӣ бунёд гардидааст.
Бинои нав дар доираи нақшаи чорабиниҳои созандагӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатӣ сохта шудааст.
Таълим бо забони хорӣҷӣ: дар Душанбе "Global school" боз шуд
Манбаъ хабар додааст, ки бинои Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ-и Тоҷикистон аз ҳуҷраҳои корӣ, осорхона, маҷлисгоҳи замонавӣ ва дигар инфрасохтори соҳавӣ иборат буда, барои кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат шароити мусоиди фаъолият муҳайё гардидааст.
“Ҳуҷраҳои корӣ бо технологияи иттилоотӣ ва дигар таҷҳизоти зарурӣ муҷаҳҳаз гардонда шудаанд. Дар китобхона дар баробари китобҳои соҳавӣ номгӯйи зиёди асарҳои бадеӣ ва рӯзномаву маҷаллаҳо мавҷуданд, ки минбаъд кормандон метавонанд аз он ба таври васеъ истифода намоянд”,- иттилоъ додааст дафтари матбуоти раисҷумҳур.
Зимни ифтитоҳи бинои нав кишвардори Тоҷикистон бо шароити бинои навбунёди Раёсати дастгоҳи марказии КДАМ-и Тоҷикистон шинос шуд ва кормандонро ба хизмати софдилона ба нафъи давлату миллат ва таъмини амнияти шаҳрвандон ҳидоят кард.