Қодиров ба Путин ваъда дод, ки ӯро ноумед намекунад

Раисҷумҳури Русия аз раҳбари Чеченистон хоҳиш кард, ки саломашро ба нерӯҳои чеченистонии иштирокчиёни амалиёти вижа бирасонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Раҳбари Чеченистон Рамазон Қодиров, дар мулоқот бо раисҷумҳури Русия Владимир Путин, гуфт, ки нерӯҳои ин ҷумҳурӣ дар минтақаи амалиёти вижа дар Украина “мақсад доранд то пирӯзӣ биҷанганд”.
“Ҷанговарони ҷумҳурии Чеченистон дар минтакаи амалиёти вижаи бомуваффақият хизмат доранд, мо ҳамаи супоришҳои шуморо ба ҷо меорем ва мақсад дорем, то охир амал кунем. Сокинони вилоят пурра амалиёти вижаро комилан тарафдорӣ мекунанд ва барои расидан ба мақсаду вазифаҳои он зарур медонанд”, - ваъда дод Қодиров ба раисҷумҳури Русия.
"Бори дигар барои ҳама корҳое, ки барои Ҷумҳурии Чеченистон ва тамоми Русия мекунед, ташаккур мекунам. Мо шуморо ноумед намекунем, Владимир Владимирович", - афзуд ӯ.
Владимир Путин дар посух гуфт, ки ба ин шубҳа надорад: "Ман шубха надорам, — гуфт дар хотима президент.
Даъвати Қодиров дар бороаи озод кардани Харков ва Одесса
Русия рӯзи 24 феврал амалиёти вижаи низомиро дар Украина оғоз кард. Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қайд кард, ки амалиёти вижа як тадбири зарурӣ буд ва Русия "имкони дигаре надошт, хатарҳои амниятӣ ба вуҷуд омадаанд, ки посух додан бо дигар воситаҳо ғайриимкон буд". Ба гуфтаи вай, Русия 30 сол боз талош дорад, ки бо НАТО дар бораи принсипҳои амнияти Аврупо мувофиқат кунад, аммо дар посух ё бо фиребу дурӯғ ва ё кӯшиши фишору шантаж рӯбарӯ мешавад, дар ҳоле ки Паймони атлантики шимолӣ бо вуҷуди эътирозҳои Маскав бемайлон васеъ ва ба сарҳадҳои Русия наздик мешавад.