ДУШАНБЕ, 13 мар — Sputnik. Ширкати эронӣ дар қаламрави Тоҷикистон ба иктишофи нафту газ машғул будааст, иттилоъ додааст, мудири иктишофи ширкати миллии нафт ба хабаргузории Садои Хуросон.
“Тоҷикистон яке аз кишварҳое аст, ки мо дар он фаъолияти иктишофи анҷом медиҳем, ин кишвар ба лиҳози захоир парокандагии хубе дорад аммо аз назари навъи нафт ва газ бо Эрон мутафовит аст, фишори чоҳҳои мо табиӣ аст ва бо фишори худаш боло меояд. ҳатто гоҳҳо фишори чоҳҳоро мекашем то битавонем кантрол кунем ва бояд текнулужи дошта бошем, ки тавлидро боло бибарем”, - гуфт ӯ.
Мудири ин ширкати эронӣ таъкид кардааст, ки фишори чоҳҳои нафти Тоҷикистон пойин аст.
“Мизони захоири ин кившар бисёр камтар аз масраф ва шояд дар ҳадди 200 ҳазор бушка бошад”, - таъкид кард ӯ.
Вай илова кард, ки Тоҷикистон ба самти санаъти шудан ҳарак мекунад, Эрон бо таваҷӯҳ ба қидмат ва дониш ва аз баъди қаробати фарҳангӣ, ки бо ин кишвар дорем нукоти мусбате аст, ки боис шуда иртиботи мо бо ин кишвар бештар шавад, дар ин мақула барнома ва сиёсатгузории хубе тадвин шудааст.
“ Кишварҳои бузурги дигаре дар кишвари Тоҷикистон фаъолияти иктишофи доранд аммо феълан ба далоили хосе мутавақиф аст”, - илова кард вай.
Мудири иктишофи Ширкати миллии нафт зикр кард, ки пешниҳоди ширкати эронӣ ба Тоҷикистон ин буд, ки санъати иктишоф дар кишварашон бумӣ шавад, умедворем битавонем як мудирияти иктишофи таъсис кунем, ки муовинати энержии ин кишвар аз ҳайси омӯзиш, содироти колои нафтӣ ва ҳам пажуҳиш пешрафт кунад.