ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Асосгузори Ширкати низомии хусусии "Вагнер" Евгений Пригожин дар бораи ширкат дар интихоботи президентии соли оянда дар Украина хабар дод.
Оқои Пригожин дар ин бора дар Telegram-канали худ “Оркестр Вагнера” дар як паёми видеоӣ эълон кардааст.
"Ман тасмим гирифтам, ки дар соли 2024 номзадии худро ба курсии раисҷумҳури Украина пешбарӣ кунам. Дар ин мақом бо Порошенко ва Зеленский рақобат хоҳам кард. Агар пирӯз шавам, ҳамааш хуб мешавад. Хумпораҳо ҳам лозим намешавад", - гуфт ӯ.
Муассиси гурӯҳи “Вагнер” дар вақтҳои ахир, тибқи иттилои расонаҳо, дар минтақаи амалиёти вижаи Русия дар вилояти Артемовск қарор дорад.
Оқои Пригожин рӯзи 8 март эълон кард, ки артиши Русия тамоми қисмати шарқии Артемовскро таҳти назорати худ гирифтааст.
Қувваҳои Мусаллаҳи Украина ахиран эътироф карданд, ки нерӯҳои ширкати хусусии низомии “Вагнер” охирин роҳи муҳим барои таъмини артиши Украинаро дар Бахмут (Артемивск) таҳти назорат гирифтанд.
Ёдовари мекунем, ки интихоботи президентӣ дар Украина 31 марти соли 2024 баргузор мешавад.