Мақомоти Эрону Ӯзбекистон таъкид бар сулҳу субот дар Афғонистон карданд

Сарпарасти вазорати умури хориҷии Ӯзбекистон ахиран бо ҳамтои эрониаш дидору гуфтугӯ кард. Яке аз масъалаи муҳим дар ин дидор мавзуи Афғонистон буд.
Sputnik
ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Вазири хориҷаи Эрон, Ҳусейн Амирабдуллоҳён дар дидор бо Бахтиёри Саидов, сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон бо ишораи аҳамияти муносиботи ду кишвар дар ҳавзаҳои мухталиф таъкид кард, иттилоъ додааст хабаргузории “Парс Тудей”.
Вай дар ин дидор ба хусус дар бораи абъоди муртабит бо ҳамкориҳои иқтисодӣ, ҳамлу нақл, тронзиту логистик ва бо тавваҷуҳ ба хости руасои ҷумҳури ду кишвар барои иртиқои равобит бар зарурати баҳрагирӣ аз зарфиятҳои мавҷуд барои ин муҳим ишора кардард.
Дар ин дидори тарафайн дархусуси охирин вазъияти муносиботи сиёсӣ, иқтисодӣ, амниятӣ ва сиёсии байни ду кишвар табодул назар карданд.
Вазири саноти толибҳо: Аз донишу таҷрибаи Эрон барои пешрафти Афғонистон истифода мекнем
Шароити Афғонистон ба унвони ҳамсояи муштараки ду кишвар ва таъкиди тарафайн бар лузуми ҳамкорӣ ва мусоидати кишварҳои ҳамсоя барои тақвияти сулҳу сабот дар ин кишвар, долони байналмилалии ҳамлу нақл аз ҷумлаи долони шимол – ҷануб, мувофиқатномаи ҷадиди тарофаи тарҷеҳӣ ва таъкид бар лузуми иртиқои ҳаҷми табодулоти тиҷорӣ, аз дигари мавзуъоти мавриди гуфтугӯи Аамирабдуллоҳён ва Бахтиёри Саидов дар ин дидор буд.
Вазири ҳамлу нақли Ӯзбекистон низ, ки барои дидор ва гуфтугӯ бо ҳамтои эронии худ дар ҷамъи ҳайати сарпарасти вазорати умури хориҷаи Ӯзбекистон ба Эрон ҳузур дошт, дар ин нишасти ҳайати Ӯзбекистонро ҳамроҳӣ мекард.