ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Созишномаи ҳамкорӣ байни Корхонаи воҳиди давлатии “Тоҷагропромэкспорт”-и назди Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон ва Ширкати "Торгово-закупочная сеть – Сибирь" ҷиҳати содирот намудани маҳсулоти кишоварзии ватанӣ, ба имзо расонида шудааст, иттилоъ додааст Агентии содироти Тоҷикистон.
Аз ҷумла ба минтақаи Сибири Русия пиёз, сабзӣ, карам, меваи тару тоза ва хушк, инчунин маҳсулоти тайёри ғизоӣ, бахусус шарбатҳои табиӣ ва афшураҳои меваҷот содирот мешавад.
Тибқи иттилои манбаъ, ахиран мудири Агентии содироти назди Ҳукумати Тоҷикистон Баҳриддин Сироҷиддинзода бо ҳайати намояндагони Ҳукумати Олтойи Русия дидору гуфтугӯ кард.
Ҳайати Олтойи Русияро Игор Степаненко, намояндаи ҳукумати ин минтақаи Русия роҳбарии мекард, ки бо сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад.
Дар ин дидор масъалаҳои муҳими таҳкими ҳамкорӣ дар самти ташкил намудани корхонаи муштарак барои ба роҳ мондани истеҳсоли меваю сабзавот дар ҳудуди ҷумҳурӣ ва таъмини интиқоли кафолатноки минбаъдаи он баррасӣ карда шуд.
Дар доираи сафар ба Тоҷикистон ҳайати Ҳукумати Олтой бо имконоти истеҳсолии хоҷагиҳо, анборхонаҳо, сардхонаҳо ва маҳсулоти кишоварзии вилояти Хатлон шинос шуд.