ДУШАНБЕ, 12 мар — Sputnik. Ба вилояти Оренбурги Русия муҳоҷирони меҳнатӣ бештар аз кишварҳои Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Озарбойҷон меоянд.
Ахиран “Оренбургстат” гузоришеро дар бораи вазъи муҳоҷират ва демографии минтақа расонаӣ кард.
Дар маҷмуъ дар соли 2022 ба минтақа беш аз 22,7 ҳазор муҳоҷири меҳнатӣ ворид гашта, вале 27,8 ҳазор ин минтақаро тарк кардаанд. Дар ин нишондиҳанда муҳоҷирати дохилиминтақавӣ ба инобат гирифта нашудааст.
Соли гузашта афзоиши муҳоҷират мубодилаи аҳолӣ бо давлатҳои аъзои ИДМ нигоҳ дошта шуд.
Он нисбат ба соли 2021 41,3%-ро ташкил дод.
Дар ҳамин ҳол, зикр мегардад, ки дар соли 2022 коҳиши муҳоҷират беш аз 5 ҳазор нафарро ташкил додааст.
Дар муқоиса бо соли 2021 теъдоди муҳоҷирон дар вилояти Оренбург 11,2% ё 2,9 ҳазор нафар кам шудааст.
Ёдовар мешавем, ки қаблан маълум шуда буд, ки ширкати ҳавопаймоии Nordwind дар охири моҳи апрели соли 2023 парвозҳоро аз Оренбург ба Душанбе оғоз мекунад.
Парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз 30 апрел дар рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд. Парвозҳо тавассути ҳавопаймоҳои A-321NEO анҷом дода мешаванд.
Давомнокии парвоз тақрибан 3 соатро ташкил медиҳад ва чиптаҳоро аллакай аз сомонаи расмии ширкати ҳавопаймоии Русия харидан мумкин аст.