ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Тоҷикистон раванди реваксинатсияи иловагии 3 ва 4 ҷараён дорад, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурустӣ.
Ба иттилои манбаъ, масунияти одам пас аз шаш моҳи гирифтани ваксина алайҳи бемории коронавирус заиф мешавад ва зарурияти реваксинатсия ба миён меояд.
Ин ниҳод мегӯяд, аз оғози пандемия Тоҷикистон ҷамъан 10 012 360 воя ваксинаҳои Moderna, Pfizerа, AstraZeneca, CoronaVac алайҳи бемории коронавирус дарёфт кардааст.
Вазорати беҳдошт зикр намуд, ки тамоми ваксинаҳои воридшаванда таҳти назорати Созмони умумиҷаҳонии беҳдошт ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии кишвар қарор дорад.
Дар ҳамин ҳол, то 15 феврали соли равон зиёда аз 5 млн шаҳрванди Тоҷикистон алайҳи ин маризӣ моякӯбӣ шудаанд.
Аз моҳи феврали соли 2021 дар кишвар ягон ҳолати мариз шудани шаҳвардон аз коронаиврус ба қайд гирифта нашудааст.
Мақомоти тандурустии кишвар яке аз омилҳои дигарбора хуруҷ накардани коронавирусро ба сатҳи баланди мусунияти оммавӣ ва теъдоди зиёди ваксинагирифтаҳо рабт дод.