ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Бо мақсади пурра бартараф намудани паёмадb тармаи азим ҳаракати тамоми намуди нақлиёт дар роҳи Душанбе - Чаноқ муваққатан маҳдуд карда шуд.
Дар ин бора бо нашри як иттилоия, ширкати роҳбони "Innovative Road Solutions", ки ба нигоҳдорӣ ва ҷамъоварии маблағ дар ин масир машғул аст, хабар дод.
"Дар километри 121- уми роҳи Душанбе - Чаноқтармаи калон фаромад. Дар робита ба ин, гузариши тамоми намуди нақлиёт манъ карда шуд", - омадааст дар иттилоия.
Манбаъ афзуд, ки феълан ба макони тармафароӣ техникаҳои филиали Ширкат сафарбар гардида, бартарафсозии тарма босуръат идома дорад.
Ёдовар мешавем, ки моҳи гузашта дар ин масир як мошини тамғаи "Мусо" зери тарма монда, дар натиҷа 3 нафар ба ҳалокат расидаанд
Ҳодисаи нохуш дар километри 157 - уми роҳи Душанбе - Чаноқ, дақиқтараш дар ағбаи Шаҳристон, рух дод.
IRS он замон хабар дод, ки се нафар дар ин ҳодиса ба ҳалокат расида, ҳамчунин як мусофири дигар дар беморхонаи ноҳияи Шаҳристон бистарӣ карда шуд.