ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Сафири Русия дар Тоҷикистон Семён Григорев рӯзноманигорони тоҷикро бо иди касбӣ - Рӯзи матбуот табрик гуфт.
"Сухани чопӣ ҳамеша меъёри касбият ва одоби журналистӣ буд ва боқӣ мемонад", - гуфт ӯ.
Сафир инчунин аз масъулияти махсусе, ки бар души кормандони ВАО аст, ёдовар шуд.
Григорев ба рӯзноманигорони тоҷик нерӯи эҷодӣ ва хонандагони сипосгузорро таманно карда, ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳамеша барои ҳамкорӣ омодааст.
Қаблан сафир орденҳои дӯстии Русияро ба Фарҳод Раҳимӣ, президенти Академияи улуми кишвар ва Фарҳод Мирзоев, мудири кулли ширкати "Газпром нефт-Тоҷикистон" супурд.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин қаблан Раҳимӣ ва Мирзоевро "барои хизматҳои махсус дар таҳкими сулҳ, дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум байни халқҳо" бо як фармон рӯзи 30 декабри соли 2022 мукофотонида буд.