Дар Душанбе Рӯзи матбуоти тоҷик таҷлил шуд

Дар чорабинии мазкур ба як зумра рӯзноманигорон унвону сипоснома ва ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим гардид
Sputnik
ДУШАНБЕ, 11 мар — Sputnik. Дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон Рӯзи матбуоти тоҷик бошукӯҳ таҷлил гардид.
Бахшида ба ин сана дар бинои мазкур ҳамоиши тантанавӣ бо иштироки Вазири фарҳанг, ёрдамчии президент дар масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа ва ҳамчунин рӯзноманигорон баргузор гардид.
Қабл аз оғози ҳамоиш дар Китобхонаи миллӣ намоиши китоб сурат гирифт, ки дар он китобҳои тозанашри нависандагону шоирони тоҷик ба марази тамошо гузошта шуд.
Зимнан, чорабиниро Вазири фарҳанг ифтитоҳ намуда, изҳор дошт, ки ин сана бо дастгирии роҳбари давлат аз соли 1994 ба ин сӯ ҳамасола ҷашн гирифта мешавад.
Аз 9-ошёна поин иҷозат нест: Нуриддин Саид бунёди хона барои рӯзноманигоронро ваъда дод
Рӯзи матбуоти тоҷик ба чопи нахустин рӯзномаи тоҷикӣ- “Бухорои шариф”, ки шумораи аввалинаш 11 марти соли 1912 интишор ёфт, иртибот дорад. Имсол аз чопи ин рӯзнома 111 сол сипарӣ гардид.
Ҳамасола ин сана чун иди касбии кормандони воситаҳои ахбори омма, матбуот ва табъу нашр таҷлил карда мешавад.
Дар ҳамоиши тантанавӣ ба як замла рӯзноманигорон унвонҳои “Аълочии фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон”, “Аълочии матбуоти Тоҷикистон” ва сипосномаҳо дода шуд.
Илова бар ин ба расонаҳои иттилоотӣ диплому ифтихорномаҳо тақдим гардид.