Санаи парвози аввалин дар хатсайри Оренбург — Душанбе маълум шуд

Дар охири моҳи апрел ширкати ҳавопаймоии русии Nordwind ба Душанбе парвозҳои нави мунтазамро оғоз мекунад, ки ҳафтае як маротиба анҷом дода мешавад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Ширкати Nordwind Airlines дар охири моҳи апрел парвозҳоро аз Оренбург ба Душанбе оғоз мекунад.
Дар ин бора дафтари матбуоти фурудгоҳи Оренбург хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, парвозҳо ба пойтахти Тоҷикистон аз 30 апрел рӯзҳои якшанбе сурат мегиранд.
Парвозҳо дар ҳавопаймоҳои A-321NEO анҷом дода мешаванд.
"Парвоз аз Оренбург соати 08:30 оғоз шуда, расидан ба Душанбе соати 11:00 муқаррар шудааст", - омадааст дар хабари котиботи фурудгоҳ.
Ҳамзамон аз Тоҷикистон ҳайъат соати 12:30 ба вақти маҳаллӣ парвоз карда, соати 15:30 ба Русия мерасад.
"Аэрофлот" ба Душанбе парвозҳои мунтазам роҳандозӣ мекунад
Давомнокии парвоз тақрибан 3 соат хоҳад буд.
Қаблан маълум шуд, ки парвозҳои мустақим ба Тоҷикистон аз шаҳри Омски Русия низ боз мешавад.
Парвозҳо дар масири Омск - Душанбе аз 2 май оғоз шуда, то 24 октябри соли 2023 идома хоҳад кард.