ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Бо қарори раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ аз ҳафтаи сеюми моҳи март то ҳафтаи дуюми моҳи апрели соли 2023 дар пойтахт таҳти унвони “Сайри гули лола” Фестивали гулҳо баргузор мегардад.
ДАр ин бора шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе хабар додааст.
Аз ҷониби Комиссияи шаҳрӣ ғолибони фестивали шаҳрӣ барои ҷойи якум бо “Дипломи дараҷаи 1” ва мукофот ба маблағи даҳ ҳазор сомонӣ, барои ҷойи дуюм бо “Дипломи дараҷаи 2” ва мукофот ба маблағи ҳафт ҳазор сомонӣ ва барои ҷойи сеюм бо “Дипломи дараҷаи 3” ва мукофот ба маблағи панҷ ҳазор сомонӣ сарфароз гардонида мешаванд.
Фестивали мазкур бо мақсади вусъат додани корҳои ободонӣ, бунёдкорию созандагӣ, тарбияи ҳисси зебоипарастӣ, хештаншиносӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорӣ баргузор мешавад.
Зимни баргузории ин фестивал беҳтарин композитсия, дизайни ҷолиби гулзор ва сифати корҳои иҷрошуда дар мавзеъҳои вобасташудаи гулкорӣ муайян ва қадрдонӣ мешавад.