Пирӯзии навбатии Одилов: ӯ бо як зебоӣ Наталисиои бразилиро "нокаут" кард

Дуюмин муборизаи Терминатори тоҷик дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat, ки дар Маскав баргузор шуд, бо пирӯзӣ анҷом ёфт
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Фаридун Одилов размикори тоҷик дуюмин набардашро низ дар мусобиқаи ACA бо пирӯзӣ анҷом дод.
Ҳарифи навбатии "Терминатори тоҷик" размикори бразилиягӣ Наталисио Филю буд, ки зидди размикори тоҷик давомнок мубориза накард.
Ин набардии унвонии Absolute Championship Akhmat буд, ки шоми 9 март дар Маскав доир шуд.
Размикори тоҷик аллакай дар задухӯрди аввал тавонист, ки бар ҳариф зарбаи ҷонкоҳ зада, муборизаро пеш аз мӯҳлат ба анҷом расонад. Набард камтар то охири даври аввал давом накард.
Терминатори тоҷик эрониро дар даври аввал "нокаут" кард: видео
Қаблан мебоист варзишкори тоҷик бо Виталий Немчинов ва ё бразилии дигар Вагнер Прадо вориди майдон шавад, аммо ҳарду бо сабабҳои беморию захм бардоштан, ҳазф шуданд.
Терминатори тоҷик ҳарифашро дар камтар аз як дақиқа мағлуб кард
Ҳамакнун Одилов 16 ғалаба, ду бохт ва ду мусофӣ дорад.
Ёдовар мешавем, ки маъмулан терминатори тоҷик дар вазни то 84 кг баромад мекунад. Одилов дар доираи лигаи Absolute Championship Akhmat шартномаи 6-размӣ баста буд.
Нахустин набарди ӯ дар доираи ин ташкилот бо намояндаи Эрон Амир Нурӣ буд, ки камтар аз як дақиқа давом кард.
Дар пеш варзишгари тоҷик боз 4 набард дорад.