Гази моеъ дар шимоли Тоҷикистон арзон шуд

Дар пасманзари воридоти ҳаҷми иловагии сӯзишворӣ ба минтақа нархи он дубора поин рафта, дар як шабонарӯз қариб 30 дирам арзон шудааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар — Sputnik. Дарнуқоти фурӯши сӯзишвории вилояти Суғд нархи гази моеъ 20-30 дирам поин рафтааст, менависад Sugdnews.
Якбора кам шудани арзиши аслӣ давоми шабонарӯзи ахир сабт шудааст. Кормандони нуқтаҳои фурӯши сӯзишворӣ таъкид мекунанд, ки болоравии нархи сӯзишворӣ ба ҳаҷми воридоти сӯзишворӣ ба кишвар рабт дорад.
Ҳамин тавр, рӯзи 10 март дар тоблуҳои таблиғии электронии нуқтаҳои фурӯши сӯзишвории шаҳри Хуҷанд як литр гази моеъ бо қимати 3,80-3,90 сомонӣ нишон дода шудааст. Барои муқоиса, як рӯз пеш нарх 4,00-4,10 сомонӣ буд.
Арзиши солярка низ арзон шудааст. Нархи он низ нисбат ба ҳафтаи гузашта 30 дирам коҳиш ёфтааст.
Русия сӯзишвории имтиёзиро ба Тоҷикистон бештар медиҳад
То ин замон 1 литр сӯзишвории дизелӣ бо нархи 11,50 сомонӣ ба фурӯш меравад.
Дар мавриди бензин бошад, тамғаи АИ-92 8 сомонӣ ва АИ-95 бошад 8,20 сомонӣ ба фурӯш меравад.
Ёдовар мешавем, ки дар Тоҷикистон гази моеъ хеле маъмулу серистифода аст.
Ҳамин тариқ, тибқи маълумоти расмӣ, беш аз 60 дарсади мошинҳо бо ҳамин маводи сӯзишворӣ пур карда мешаванд.