Дар Тоҷикистон хаҷми боркашонӣ афзудааст

Ҳамлу нақли заминӣ аз аввали соли 2023 навъи асосии муомилоти молу колоҳои содиротӣ ва воридотӣ дар Тоҷикистон боқӣ монда, наздик ба 100% мерасад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 10 мар— Sputnik. Дар Тоҷикистон ҳаҷми ҳамлу нақли бор аз аввали соли 2023 нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 афзоиш ёфтааст.
Ҳамин тавр, дар ҷумҳурӣ дар моҳи аввали соли ҷорӣ бо тамоми воситаҳои нақлиёт зиёда аз 8,1 миллион тонна бор кашонда шуд.
Ин ҳаҷм нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,6% зиёд аст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омор дар кашондани бор нақлиёти заминӣ ҷойи асосиро ишғол мекунад. Ҳиссаи он қариб 100% ҳаҷми умумии гардиши ҳамаи намудҳои нақлиётро ташкил медиҳад.
Чин марзи заминияшро барои нақлиёти Тоҷикистон боз кард
Чунончи, дар давраи ҳисоботӣ тибқи оморр бо нақлиёти автомобилӣ зиёда аз 7,6 миллион тонна бор кашонда шуд.
Афзоиши ҳаҷми ҳамлу нақли бор тавассути автомобилҳо нисбат ба соли 2022 5,3% афзудааст.
Вазни қиёсии нақлиёти автомобилӣ 93,3% ҳаҷми умумии борҳои аз рӯи ҳамаи намудҳо кашондашударо ташкил медихад.
Дар бобати нақлиёти роҳи оҳан бошад, бо ин намуд зиёда аз 549 ҳазор тонна бор кашонда шуд, ки ин 28,1% зиёд мебошад.