Масрафи наздик ба 3 млн. сомонӣ барои озмуни “Илм – фурӯғи маърифат” дар Душанбе

Шаҳрдории Душанде барои баргузории озмуни Озмуни ҷумҳуриявии “Илм – фурӯғи маърифат” дар пойтахт наздик ба 3 млн. сомонӣ ҷудо кардааст
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Бо қарори Раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ барои баргузории озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар пойтахт 2 млн. 875 ҳаз. сомонӣ ҷудо гардид, иттилоъ додааст шуъбаи иттилоотии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе.
Тибқи қарори мазкур, ҳайати комиссия ва ҷоизаҳои озмуни "Илм – фурӯғи маърифат" дар шаҳри Душанбе тибқи замимаҳои 1 ва 2 тасдиқ карда мешавад.
Ёдовар мешавем, ки рӯзи 2 феврал Амри Президенти раисҷумҳури Тоҷикистон дар бораи баргузор намудани Озмуни ҷумҳуриявии "Илм – фурӯғи маърифат" дар соли 2023 ба тасвиб расид.
Таъсиси ҷоизаи нави раиси шаҳри Душанбе барои ҷавонон
Мақсад аз баргузории ин озмун рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо намудан ба техникаву технология, тавсеаи ихтироъкорӣ ва навоварӣ, пайвасти илм бо истеҳсолот, ҷалби бештари хонандагону донишҷӯён ва дигар қишрҳои ҷомеа ба омӯзиши фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ, дарёфти истеъдодҳои нав дар ин самт мебошад.
Бояд гуфт, ки чанде пеш раиси шаҳри Душанбе барои муҳаққиқони ҷавон дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дод.
Ҷоизаи мазкур барои қадршиносии хизматҳои шоистаи муҳаққиқони ҷавон, дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, баланд бардоштани лаёқати эҷодӣ ва рушду инкишофи иқтидори илмӣ, дар самти илмҳои дақиқ, адабиёт, рӯзноманигорӣ, санъат, меъморӣ, техникаву технология ва инноватсияву ихтироъкорӣ таъсис дода шудааст.