Видеои Sputnik-ро тамошо кунед, то бубинед, ки кормандони коммуналӣ шаҳрро чӣ гуна ба тартиб меоранд.
Бетартибиҳо дар маркази Тифлис дар назди бинои парлумон шаби 9 март бори дигар ба задухӯрд бо пулис анҷом ёфт. Тазоҳургарон ба сӯйи маъмурони интизомӣ санг ангдохтанд ва курсиҳои нишастро шикаста ба кормандони пулис ҳамла мекарданд. Дар натиҷа пулис барои боздоштани издиҳом аз гази ашковар ва мошинҳои обпош истифода кардааст.
Пас аз бетартибиҳои шабона дар кӯчаҳои шаҳр партовҳои зиёде ҷамъ шудааст, ки субҳ онҳоро кормандони коммуналӣ пок карданд.
Ин ҳодиса ду рӯз паиҳам дар шаҳр рух дод - эътирози осоишта дар давоми рӯз бо фарорасии шаб шаклҳои хашмгинро гирифт. Фаъолон дар хиёбони Руставели даромадгоҳи бинои порлумонро бастанд, мошинҳоро сӯзонданд, тирезаҳои порлумон ва дӯконҳои шикастанд.
Кормандони интизомӣ дар посух маҷбур шуданд, ки барои пароканда кардани эътирозгарон аз усулҳои зӯроварӣ истифода кунанд.
Рӯзи панҷшанбе тарҳи қонун дар бораи агентҳои хориҷӣ, ки боиси даргириҳо дар хиёбонҳо шуд, аз ҷониби аксарияти порлумон аз баррасӣ бозпас гирифта шуд, аммо мухолифин боз эътирози нав эълон карданд.