ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Заминҷунбии субҳи барвақти 9 март дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшонро Кумитаи ҳолатҳои фавқулода тасдиқ кард.
Бар хабари манбаъ, заминҷунбӣ соати 06:37 дақиқаи ба вақти маҳаллӣ дар 366 километрии ҷанубу шаорқи шаҳри Душанбе ва 90 километрии ғарби ноҳияи Мурғоб дар ҳудуди Тоҷикистон рух дод.
Ин ниҳод мегӯяд, қувваи ларзиши замин дар марказ 4 балл ва дар ноҳияи Мурғоб ба 2 дараҷа баробар буд.
"Офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молӣ надошт", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ин дар ҳолест, ки қаблан мутахассисони Маркази ҷумҳуриявии мониторинги пешгӯии сейсмикии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон аз сар задани заминҷунбӣ дар Тоҷикистон хабар дода, қувваи онро 4.8 бал ва маконашро ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ карданд.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ҷунбиши замин рух медиҳад.
Шадидтарини он рӯзи 23 феврал дар наздикии Мурғоб буд ва қувваи он 7.3 баллро ташкил дод.