ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Иттиҳодияи Аврупо ахиран эълом кард, ки нуҳ фард ва се ниҳод ба шумули сарпарасти вазирони таҳсилоти олӣ ва амр ба маъруф ва наҳй аз мункари толибҳоро ба тозагӣ таҳрим кардааст, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Нидомуҳамад Надими сарпарасти вазорати таҳсилоти олӣ ва Муҳамадхолид Ҳанафӣ сарпарасти вазорати амр ба маъруф ба иллати маҳрӯм сохтани занон аз омӯзишу табъизҳои ҷинсиятӣ зери таҳрими қарор гирифтаанд.
Ин таҳримҳо шомили мамнуъияти сафар ва баста шудани дороиҳои мақомҳои гурӯҳ толбҳо мешаванд.
Ёдоварӣ мекунем, ки Амрико дар як муомилаи пинҳонӣ ва бо ҳамкории фиристодаи вижааш барои Афғонистон, ин кишварро дубора ба гурӯҳи толибҳо бо ҷангафзорҳои ба арзиш беш аз ҳафт миллиард доллар таҳвили ин гурӯҳ тундрав намуд.
Аз рӯзи омадани толибҳо ба сари қудрат дар Афғонистон то токунун беш аз панҷ миллион нафар ин кишварро тарк намуда ва иқтисоди ин кишвари фурӯпошидааст.
Беш аз навад дарсади мардуми ин кишвар дар зери хати фақр зиндагӣ мекунанд ва бонувон аз омӯзишу кор маҳрум шудаанд.