Ҳушдори мақомот аз рӯзҳои хатарнок дар Тоҷикистон

Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон масирҳоеро дар кишвар ном бурд, ки хатари фаромадани тарма дар онҳо боқӣ мемонад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 9 мар — Sputnik. Таҳдиди фаромадани тарма дар навоҳии куҳии Тоҷикистон то 10- уми март боқӣ мемонад.
Дар ин бора КҲФ хабар дода, роҳҳои куҳҳиеро ном бурд, ки дар он ин таҳдид нисбатан бештар аст.
Дар роҳҳои мошингарди Душанбе - Хуҷанд, Душанбе - Рашт, Душанбе - Сангвор, Душанбе - Лахш, Кӯлоб - Дарвоз, Ванҷ - Хоруғ, Хоруғ - Ишкошим, Хоруғ - Мурғоб хатари лағжиши тарма, резиши санг ва фаромадани сел боқӣ мемонад, омадааст дар иттилоияи КҲФ.
Наҷотдиҳандагони КҲФ аз барфкӯчиҳои нав ҳушдор доданд
Ин ниҳод аз сокинон ва меҳмонони кишвар хоҳиш кардааст, ки дар чунин рӯзҳо аз сафар ба минтақаҳои тармахезу сангрез худдорӣ намоянд ва ё сафарҳои безарурати худро муваққатан то беҳ шудани вазъ лағв кунанд.
Ба ронандагон тавсия дода шудааст, ки ҳангоми ҳаракат дар чунин роҳҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан риоя намоянд. Бахусус риояи фосила байни мошинҳо гарави аслии амнияту бехатарии ронандагон ва ҳамсафарони онҳост, таъкид кардаст КҲФ.
Ба хотири ҷилавгирӣ аз обхезӣ дар кӯчаҷу манзилҳо КҲФ ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш намудааст, ки тамоми ҷӯйборҳои назди манзили зист тоза карда шаванд.