ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Нимаи дуюми рӯз муовини раиси Девони вазирон, вазири корҳои хориҷии Туркманистон Рашид Мередов бо сафари расмӣ вориди Душанбе шуд, иттилоъ додааст дафтари матбуоти Вазорати умури хориҷӣ.
Тибқи иттилои манбаъ, дар фурудгоҳи байналмилалии пойтахт меҳмони олиқадрро вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин пешвоз гирифт.
Глава МИД Туркменистана прибыл в Душанбе
© МИД Таджикистана
Иттилоъ дода шудааст, ки дар чаҳорчӯби сафар роҳбари мақоми сиёсати хориҷии Туркманистон аз ҷониби раисҷумҳури кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳузур пазируфта мешавад.
Ҳамчунин, музокироти дуҷонибаи вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Туркманистон дар назар аст.
Қарор аст дар рафти музокирот масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷониба бо назардошти мулоқоти дарпешистодаи сатҳи олии Тоҷикистону Туркманистон, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар назар аст, муфассал баррасӣ хоҳанд шуд.
Ёдовар мешавем, ки вазири корҳои хориҷии Туркманистонро намояндагони Бонки марказӣ, Вазорати маориф, Агентии нақлиёт ва коммуникатсия, Палатаи савдо ва саноат ва дигар идораҳои давлатии Туркманистон ҳамроҳӣ менамоянд.