ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Мақомот дар Афғонистон бояд аз тариқи интихобот ё “Луйя ҷирга” (Маҷлиси бузург) собит кунанд, ки аз ҳимояти мардум бархурдор ҳастанд, гуфт, намояндаи вижаи иттиҳодияи аврупо барои Афғонистон Томас Николсон.
Оқои Николсон гуфт, ки ба расмият шинохтани давлати муваққати Афғонистон ба далели иқдомот ва гоҳе авқоти адами иқдоми толибҳо ба таъхир афтодааст”.
Николсон дар посух ба ин суол, ки чигуна толибҳо нишон медиҳанд, ки аз ҳимояти мардуми Афғонистон бархурдор ҳастанд, гуфт: "онҳо метавонанд аз тариқи интихобот ва шояд ҳам аз тариқи “Луйя ҷирга” нишон диҳанд, ки аз ҳимояти мардум брхрдор аст, онҳо иддао мекунанд, ки афғонҳо аз мо ҳимоят мекунанд. Аз куҷо бидонем? чигуна метавонанд инро собит кунанд? аммо ончӣ мо медонем ва мебенем ин аст, ки вазъияти ҳуқуқи башар ба таври мудовим бо чанд истисно дар як таҳаввули бисёр манфӣ ҳаракат мекунад".
Ин дар ҳолест, ки чанде қабл Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯии Иморати Исломӣ гуфт, ки мардум ба ҳукумати кунунӣ алоқа доранд ва ниёзе ба интихобот нест.
"Ҳукумати исломӣ орзӯи ҳама буд ва афғонҳо 40 сол барои ин ҳукумат ҷангидаанд. Ҳеҷ кас набояд дар ин замина нигароне нишон диҳад. Мо ба интихобот ё барномаҳои дигар ниёз надорем, ҳам мо ва ҳам миллат медонем ки аз ҳам розӣ ҳастем", - афзуд Муҷоҳид.