Баррасии таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия дар Душанбе

Тоҷикистону Туркия дар талоши ба роҳ мондани ҳамкории судманд, ҳастан ва мақомоти ду кишвр мехоҳад муносибатҳои тиҷоративу иқтисодиро густариш диҳанд
Sputnik
ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ахиран дар шаҳри Душанбе тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия баррасӣ шуд, иттилоъ додааст Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии кишвар.
Тибқи иттилои манбаъ, густариши ҳамкориҳо миёни ду кишвар дар мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Қодирзода Саъдӣ бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Умут Аҷар баррасӣ шуд.
Тибқи иттилои манбаъ тарафҳо дар мулоқот имкониятҳои сармоягузории ҷумҳурӣ ва тақвияти ҳамкориҳои дуҷониба баррасӣ гардид.
Ҳамчунин дар ин гуфтугӯҳо роҷеъ ба соҳаҳои афзалиятноки сармоягузории кишвар ва имтиёзҳо барои сармоягузорон иттилоъ дода шуд.
Расулзода наҷотдиҳандагони тоҷикро барои корашон дар Туркия қадрдонӣ кард - видео
Дар мулоқот мувофиқа шуд, ки барои баргузори Форуми сармоягузории Тоҷикистону Туркия ва таъсиси Фонди сармоягузории Тоҷикистону Туркия корбарӣ карда мешавад.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро доир ба тақвият бахшидани ҳамкориҳо изҳор намуданд.
Қобили зикр аст, ки чанде пеш мақомоти Тоҷикистону Туркия эълом карда буданд, ки тасмим доранд ҳаҷми додугирифти ду кишварро ба 1 млрд доллар хоҳанд расонд.