ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Русия ва шаш кишвари ҳамсояи Афғонистони тайи нишасте гурӯҳеро барои дастёбӣ ба сулҳи пойдор дар Афғонистон эҷод карданд ва хостори озодсозии дороиҳои ин кишвар шуданд, иттилоъ додааст Sputnik Афғонистон.
Дар ин нишаст таъкид карда шуд, ки дороиҳои Афғонистон ки аз суйи Амрико ва кишварҳои аврупоӣ масдуд шудаанд бояд озод шаванд.
Вазорати хориҷаи Ӯзбекистон дар баёнияе изҳор дошт, ки намояндагони вижаи Русия, Чин, Эрон, Покистон, Ӯзбекистон, Тоҷикистон ва Туркманистон дар тошканд дидор карданд ва бар асоси тарҳӣ дар мавриди масоили муртабут бо Афғонистон ройзанӣ мекунанд.
Исматуллоҳи Эргашов намояндаи вижаи Ӯзбекистон гуфт, ин гурӯҳ аз кишварҳои ғарбӣ хостааст то дороиҳои бонки марказии Афғонистонро озод кунанд.
Вай афзуд, намояндагони ин кишварҳо таъкид карданд ки наздик ба 25 миллион ҷамъияти Афғонистон дар гуруснагӣ ва маҳрумияти ғизоӣ ба сар мебаранд бинобарин бояд кумакҳо идома ёбад ва дороиҳои Афғонистон низ озод шавад.