ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Занони рус дар рушди давлат ва расидан ба ҳадафҳои миллӣ саҳми бузург доранд, дар кишвар ягон соҳае нест, ки дар он занон ба натиҷаҳои назаррас ноил нашуда бошанд, гуфт раисҷумҳури Русия Владимир Путин.
Дар маросими супоридани ҷоизаҳои давлатӣ ба занони барҷастаи Русия ахиран Владимир Путин занони русро бо 8 март табрик гуфт.
Кишвардори Русия хидматҳои занҳоро дар назди кишвар қайд карданд.
"Дар кишвари мо шояд чунин соҳаҳо, самтҳои фаъолият вуҷуд надошта бошад, ки дар он занҳо ба натиҷаҳои ҷиддӣ ва назаррас ноил нашуда бошанд. Дӯстони азиз, истеъдод, дониш, салоҳият, масъулиятшиносӣ, ҳадафмандии шумо дар рушди кишварамон саҳми бузург доранд”, - гуфт Путин.
Владимир Путин дар Кремл ба занони Русия барои хидматҳои барҷаста ҷоизаҳои давлатӣ супурд.
Вай таъкид кард, ки занон дар рушди давлат, расидан ба ҳадафҳои миллӣ ва бунёди ояндаи арзандаи наслҳои нав саҳми бузург доранд.
Ҳамчунин кишвардори Русия аз хизмати шоистаи занони табиб дар Донбасс хусусан қайд кард.