ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Мақомоти Русия муҷаввизи афзоиши кормандони сифорати Афғонистон дар Маскавро содир карданд, иттилоъ додааст намояндаи вижаи раисҷумҳури Русия Замир Кобулов дар ҳошияи нишасти намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон дар Тошканд.
Аввалин нишасти намояндагони вижаи кишварҳои ҳамсояи Афғонистон рӯзи сешанбе дар Тошканд баргузор шуд.
Дар ин нишасти намояндагон аз Ӯзбекистон, Эрон, Чин, Покистон, Русия, Тоҷикистон ва Туркманистон ҳузур доштанд.
Кобулов дар ҳошияи ин нишаст гуфт ҳамчунин гуфт, ки "мо иҷозаи додем кормандони сифоратро афзоиши диҳем, қаблан як нафар буд акнун се нафар шуданд".
Инчунин оқои Кобулов дар ин нишаст дар бораи тавофуқномаи содироти нафти Русия ба ин Афғонистонро изҳори назар кард.
Вай гуфт, Русия ба ваъдаҳои худ амал мекунад ва содироти бештари мҳсулоти нафтӣ аз дархости минбаъдаи Афғонистон вобаста аст.
"Русияи тавофуқномаҳо дар мавриди содироти нафтӣ ба Афғонистонро амал мекунад ва имкони афзоиши ин содирот ба дархости кобул бастагӣ дорад", - афзуд вай.