ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Ҳайати Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон Завқизода Завқӣ дар ҳошияи Конфронси панҷуми СММ дар умури кишварҳои камтараққикарда бо Амири Давлати Қатар Шайх Тамим бин Ҳамад Оли Сонӣ суҳбати кӯтоҳи сарироҳӣ баргузор намуд.
Зимни мулоқот и сарироҳӣ ба Амри Қатар паёми раисҷумҳури Тоҷикистон расонида шуд.
Ҳамзамон вазири тоҷик бо Раиси мудирияти сармоягузории Қатар Мансур бин Иброҳим Оли Маҳмуд, сармоягузори бузурги қатарӣ - муассиси бонки байналмилалии исломӣ Шайх Алӣ Абдуллоҳ Сонӣ Оли Сонӣ, Раиси Анҷумани соҳибкорони Қатар ва раиси Шӯрои мудирони гурӯҳи ширкатҳои "Файсал Холдинг" – Шайх Файсал бин Қосим Олӣ Сонӣ як қатор вохӯриҳои судманд анҷом дод.
Дар вохӯриҳо масъалаҳои вусъат бахшидани ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ ва сармоягузории Тоҷикистон бо Давлати Қатар, ҷалби сармояи қатарӣ ба лоиҳаҳои афзалиятноки соҳаҳои иқтисоди миллӣ, аз ҷумла энергетика, саноат, нақлиёт, кишоварзӣ тандрустӣ ва содирот, инчунин истифодаи пурраи захираву имкониятҳои ҳар ду кишвар муҳокима гардид.
Гуфта шудааст, ки ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки таҳия ва амалӣ шудани лоиҳаҳои номбурдаро барои густариш додани ҳамкориҳои мутақобилан судманд мунтазам пайгирӣ менамоянд.
Ҳамзамон ба иттилои манбаъ, дар ҳошияи сафари мазкур вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои кишвар бо Вазири тиҷорат ва саноати Қатар Шайх - Муҳаммад бин Ҳамад бин Қосим Ал Абдуллоҳ Ал Сонӣ, Вазири молияи Давлати Қатар - Алӣ бин Аҳмад Ал Қуварӣ ва Роҳбари Фонди рушди Қатар - Халифа Ҷассим Ал-Қуварӣ дар назар аст.
Ёдовар мешавем, ки дар Конфронси панҷуми СММ дар умури кишварҳои камтараққикарда зиёда аз 46 давлати дунё ва ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ иштирок мекунад.
Чорабинии мазкур ба мавзӯъҳои сармоягузорӣ ба нерӯи инсонӣ, рафъи камбизоатӣ, истифодаи неруи илм, технология ва инноватсия, дастгирии дигаргунсозии сохторӣ ҳамчун омили шукуфоӣ, рушди тиҷорати байналмилалӣ ва ҳамгироии минтақавӣ, мубориза ба тағйирёбии иқлим, COVID-19 ва эҷоди устуворӣ сафарбар кардани шарикии байналмилалӣ барои рушди устувор бахшида шуданд.