ДУШАНБЕ, 8 мар — Sputnik. Муассиси гурӯҳи "Вагнер" Евгений Пригожин дар бораи назорати тамоми қисмати шарқии шаҳри Артемовски Ҷумҳурии Мардумии Донетск аз сӯйи нерӯҳои Русия хабар дод.
"Нерӯҳои ширкати низомии хусусӣ "Вагнер" тамоми қисмати шарқии Артемовскро ишғол карданд. Ҳама чиз дар шарқи дарёи Бахмутка комилан таҳти назорати “Вагнер” аст", - афзуд оқои Пригожин.
Як рӯз пеш мушовири раиси ҶМД Ян Гагин гуфт, ки нерӯҳои Русия тақрибан нисфи шаҳри Артемовскро таҳти назорат гирифтанд. Ба гуфтаи намояндаи ин минтақа, гурӯҳҳои хурди нирӯҳои украинӣ дар роҳҳои кишвар бетартибона ақибнишинӣ мекунанд.
Дар ҳамин ҳол, роҳҳои сангфарш ба сӯи шаҳр валангор ва зери назорати тӯпчиёни Русия қарор доранд. Дар навбати худ, лой ва замини тар ба душман имкон намедиҳад, нерӯҳои иловагиашро ба ин минтақа интиқол диҳад.
Сергей Рахманин, узви Кумитаи амнияти миллӣ, дифоъ ва истихбороти парлумони Украина, гуфт, вазъ дар Артемивск мушкил аст. Аммо ахиран Валерий Залужний, фармондеҳи нерӯҳои мусаллаҳи Украина, ҷонибдори идомаи амалиёти дифоъӣ ва таҳкими бештари мавқеъҳои Украина дар ин шаҳр шуд.
Артемовск дар қисми шимолии шаҳри бузурги Горловка, ки то ҳол таҳти назорати Киев қарор дорад, ҷойгир аст. Ин як маркази муҳими нақлиётӣ барои таъмини гурӯҳи нерӯҳои украинӣ дар Донбасс аст.