ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раиси ВМКБ Алишер Мирзонабот аз занони ВМКБ барои кумак дар бартарафсозии тарма изҳори сипос кард.
Ӯ дар чорабиние бахшида ба таҷлили Рӯзи модар гуфт, бо иродаи қавии бонувон даст дод, ки оқибатҳои тармаи мудҳиш бартараф карда шавад.
"Иродаи қавии мардум, алалхусус, бонувон ва ҳамгироии сокинону мақомоти давлатӣ имконият дод, ки ба зарардидагон сари вақт кумаки ҳамаҷониба расонда шуд", таъкид кард Мирзонабот.
Ҳамчунин, раиси вилоят ба ҳамаи онҳое, ки дар корҳои ҷамъиятӣ фаъолона ширкат варзиданд ва дар рӯзҳои вазнин мавқеи устувори шаҳрвандӣ ва намунаи ибрати инсонӣ зоҳир намуданд, изҳори сипос намуд, гузориш медиҳад хадамоти матбуотии раиси вилоят.
Бо ишора ба бузургии модар, Мирзонабот қайд кард, ки зан ҳамчун нигаҳдорандаи нуру гармии хонадон, афрӯзандаи шуълаи меҳру муҳаббати оилавӣ ва ҳамсафари вафодори шавҳару роҳнамои шоҳроҳи зиндагии фарзандон бояд худ ба ғамхории ҳаматарафа фаро гирифта шавад.
Ҳамин тавр, зумрае аз бонувони фаъол, собиқадорони меҳнат, ки дар рушду пешрафти ҷомеа саҳми муносиб доранд, бо ифтихорномаҳо, туҳфаҳои хотиравии раиси ВМКБ ва ифтихорномаҳои Кумитаи кор бо занон қадр гардиданд.
Ҳамчунин барои бонувони вилоят барномаи фарҳангӣ пешкаш шуд.