ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Раисҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон аз қабули санадҳои муҳим барои боло бурдани мавқеи зан дар ҷомеа гуфт.
Раҳмон дар паёми шодбошияш ба муносиботи Рӯзи модар гуфт, танҳо дар ду соли охир ду санади муҳим қабул шудааст.
Ӯ аз Стратегияи миллии фаъолгардонии нақши занон дар Тоҷикистон барои солҳои 2021 – 2030 ва Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат барои солҳои 2023 – 2030 гуфт.
"Ҳоло 25%-и хизматчиёни давлатии кишвар, аз ҷумла, 20%-и кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону бонувон мебошанд", - гуфт Эмомалӣ Раҳмон.
Таъкид шуд, ки бар асоси Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 ба 30% расонидани шумораи хизматчиёни давлатӣ ва ба 25% расонидани кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони болаёқат пешбинӣ гардидааст.
Ба гуфтаи президент, занон дар баробари ин ки сиёсатмадор, омӯзгору табиб, муҳандис, энергетик ва варзишгаранд, ҳамчун олиму ихтироъкор, ҳунарманду эҷодкор, хоҷагидору соҳибкор ва муҳофизи Ватан фаъолият доранд.
Раисҷумҳур гуфт, ҳамчунин дар неругоҳи барқи обии "Роғун" 900 нафар занон баробари мардон заҳмат кашида истодаанд.
Таъкид гардид, ки занону бонувон дар соҳаҳои маориф, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг, хизматрасонии иттилоотӣ, бонкдорӣ ва дигар бахшҳо аксариятро ташкил медиҳанд.