Қабули имтиҳонҳо дар 59 шаҳру навоҳии кишвар ташкил карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд бо пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ва навиштани ариза муроҷиат намоянд.
Дар ин маврид ҳузури бевоситаи имтиҳонсупоранда зарур нест. Барои сарфаи вақт бақайдгирии пешакиро дар сомонаи ин Марказ амалӣ намудан мумкин аст.
Барои интихоби ихтисоси писандида, аз хона нобаромада, замимаи “Интихоби ихтисос”-ро насб намудан лозим аст.
Дар насби ин замима ҳам аз компутер ва ҳам аз телефони мобилӣ истифода бурдан мумкин аст.
Муҳлати ниҳоии бақайдгирии асосӣ дар Маркази миллии тестии Тоҷикистон 30 апрел мебошад.
Имсол хонандагони таваллудашон 2005, мактабро хатм менамоянд.