ДУШАНБЕ, 7 мар — Sputnik. Нақшаи даромади буҷаи давлатии Тоҷикистон дар моҳи аввали соли равон ҳудуди 7,7% барзиёд иҷро шудааст.
Дар ин бора Вазорати молияи Тоҷикистон хабар дода, афзудааст, ки даромади буҷаи давлат дар моҳи январ беш аз 3,2 млрд сомониро ташкил додаст.
Бар асоси омори ин ниҳод, ҳаҷми даромади воқеӣ дар муқоиса ба ҳаҷми пешбинишуда наздики 8% зиёдтар мебошад.
Бар асоси буҷаи соли 2023, даромади давлат дар соли ҷорӣ ҳудуди 37,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст. Даромади буҷаи давлат дар соли ҷорӣ аз гузашта беш аз 12,3% ва ё 4,1 млрд сомонӣ бештар мебошад.
Дар ҳамин ҳол қисмати хароҷоти буҷаи давлатӣ 38,1 млрд сомониро ташкил додаст, ки нисбати даромади пешбинишуда ҳудуди 1 млрд сомонӣ зиёд аст. Хароҷот дар соли равон дар муқоиса бо соли гузашта 13% ё ҳудуди 4,5 млрд сомонӣ зиёд мебошад.
Бар асоси дурнамои таъйидшуда, хароҷоти Тоҷикистон аз буҷети давлат дар соли 2025 ҳудуди 45 млрд сомонӣ пешбинӣ шудаанд, ки дар муқоиса бо ҳаҷми даромад қариб 1 млрд сомонӣ зиёд аст.
Ҳамчунин нишондодҳои харҷу дахли соли 2024 низ таъйид шудаанд, ки даромад беш аз 41 млрд сомонӣ ва хароҷот наздик ба 42 млрд сомонӣ пешбинӣ гардидааст.