ДУШАНБЕ, 6 мар — Sputnik. Иёлоти Муттаҳида ва Бритониё ба ҳадди аксар тамдиди муноқишаи Украина манфиатдор ҳастанд, аз ин рӯ онҳо ба талошҳои раисиҷумҳури Туркия, Раҷайб Тайиб Эрдуғон барои ташкили мулоқоти роҳбарони ду давлат мухолифанд.
Ин нуктаро узви узви Шӯрои амният ва сиёсати хориҷии назди президенти Туркия, Чагри Эрхан дар суҳбат бо РИА "Новости" баён дооштаст.
Ба гуфтаи ӯ, ИМА ва Британияи Кабир намехоҳанд, ки президентҳои Украина ва Русия, Владимир Зеленский ва Владимир Путин бо Эрдуғон мулоқот кунанд.
"Онҳо ҷанги ҳадди аксар тӯлониро мехоҳанд, дар бораи ояндаи украиниҳо фикр намекунанд, дар бораи сулҳ андеша надоранд", - гуфт Эрхан.
Вай таъкид намуд, ки дар шароити феълӣ танҳо Эрдуғон ҳам ба Путин ва ҳам Зеленский дастрасӣ дошта, қодир аст роҳи ташкили мулоқоти онҳоро пайдо кунад.
"На акси муштарак, балки ба даст овардани натиҷаҳои мушаххас муҳим аст. Натоиҷи аввалини мушаххас, албатта оташбас бояд бошад ва пас аз он, шояд пас аз музокироти дипломатӣ ба як созиш расидан мумкин бошад", - таъкид кард мақомдори турк.
Қаблан раисҷумҳури Туркия омодагияшро барои миёнҷигарӣ миёни президенти Русия ва раисҷумҳури Украина баён дошта буд.
Владимир Путин дар суҳбати охир бо Эрдуғон омода будани Русияро ба музокироти ҷиддӣ, бо шартҳои қаблан баёншудаю воқеиятҳои нави ҳудудӣ баён дошт.
Дар навбати худ ҷониби Русия таваҷҷуҳро ба он ҷалб кард, ки на ҳама нерӯҳои байнулмилалӣ барои ҳалли зуд ва бо роҳи мусолиматомези буҳрони Украина талош доранд, балки баръакс.
Таъкид шуд, ки аз ҷониби Русия нақши тахрибкоронаи давлатҳои ғарбӣ сабт мешавад, ки низоми Киевро бо аслиҳаву таҷҳизоти низомӣ ва иттилооти оперативӣ таъмин мекунанд.