Дар шабакаҳои иҷтимоӣ истиқболи Лавров ва Бербок дар Ҳиндустонро муқоиса карданд

Корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ ба хулосае омаданд, ки тафовут дар қабули дипломатҳое, ки барои нишасти G20 ба Ҳиндустон омаданд, таъсири Русияро нишон медиҳад
Sputnik
ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Корбарони шабакаҳои иҷтимоиро пазироии вазирони умури хориҷӣ дар нишасти G20, ки дар Ҳиндустон баргузор шуд, ҷалб намуд.
Ба ин тартиб, Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русияро дар гузаргоҳи як ҳайат ва издиҳоми рӯзноманигорон интизор буданд. Вале, роҳбари Вазорати корҳои хориҷии Олмон Аннален Бурбокро танҳо як ҷуфти қувваҳои мусаллаҳ интизор буданду халос. Илова бар ин сафири Олмон дар Ҳиндустон бо як дермонӣ ба нишоаст омад.
"Аммо ба мо ҳама вақт мегӯянд, ки Русия дар инзиво қарор дорад", навиштааст яке аз шореҳон.
"Ҳеч кас иғвогарии низоъро қабул намекунад", - навиштааст корбари дигар.
"Инро тамошо кардан дар ҳақиқат хиҷолатовар буд!" - ин андешаро як корбари дигар баён кардааст.
Лавров: Русия дигар намегузорад, ки Ғарб лӯлаҳои газро тарконанд
"Мо дар сохти нави ҷаҳонӣ зиндагӣ мекунем, хулоса карданд хонандагон.
Видеоҳои вохӯрӣ зуд дар шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн шуданд.
Нишасти вазирони хориҷаи G20 рӯзҳои 1-2 март дар Деҳлии Нав баргузор шуд. Дар он вазирони корҳои хориҷии мамлакатҳои аъзои гуруҳ, инчунин вазирон ва ташкилотҳои байналхалқӣ, ки аз тарафи Ҳиндустон махсус даъват карда шудаанд, иштирок доштанд.