ДУШАНБЕ, 4 мар — Sputnik. Заминҷунбие, ки соати 5:23 дақиқа дар ВМКБ рух дод, мутахассисони тоҷик низ таъйид карданд, хабар дод КҲФ.
Ба иттилои манбаъ, Пажӯҳишгоҳи геология ва сейсмологияи Академияи илмҳои Тоҷикистон маркази заминҷунбиро дар 370-километрии ҷанубу шарқи шаҳри Душанбе, 97-километрии шарқи кӯли Сарез ва 37-километрии ғарби ноҳияи Мурғоби ВМКБ арзёбӣ кард.
"Қувваи заминларза дар марказ 4 балл, дар Мурғоб 3 ва дар шаҳри Хоруғ 2-3 баллро ташкил дод", - омадааст дар хабари КҲФ.
Ин ниҳод мегӯяд, офати табиӣ дар пай талафоти ҷонӣ ва хисороти молиро надошт.
Маврид ба зикр аст, пас аз ин заминҷунбӣ бо гузашти ҳамагӣ шаш соат ВМКБ-ро заминларзаи навбатӣ такон дод.
Маркази зилзилашиносии Вазорати ҳолатҳои фавқулодаи Ӯзбекистон шиддати ин заминҷунбиро 3.6 бал арзёбӣ кард.
Тайи чанд ҳафтаи ахир тақрибан ҳар рӯз дар қаламрави Тоҷикистон ларзишҳои зеризаминӣ рух медиҳанд. Аз ҳама шадидтаринаш 6.8 балл субҳи барвақти 23 феврал дар наздикии Мурғоб рух дод.